Латукӯби ҳамсар то марг дар заминаи рашк
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд як марди 45-сола дар шаҳри Исфара ҳамсарашро то марг латукӯб кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ қатли зани 40-сола 15-уми март дар заминаи рашк рух додааст: “Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки марди 45-солаи сокини шаҳри Исфара 15-уми марти соли 2017, тахминан соати 22:30-дақиқа дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада ва аз ҳиссиёти рашк, ҳамсари 40-солаашро бо мушту лагад ба сару рӯй ва аъзоҳои баданаш зада, ба ҳалокат расонидааст”.
ВКД гуфт, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.