Мулло Умар ба ҳалокат расид
Сарвари ҳаракати «Толибон» Мулло Умар кушта шудааст. Дар ин бора телевизиони «Тулӯъ»-иАфғонистон бо такя бо як манбаъи муътамади ниҳодҳои махсуси Афғонистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки Мулло Умар зимни ҳаракат аз минтақаи Кветта ба самти вилояти Вазиристони Шимолӣ ба қатл расонида шудааст. Ва аммо ин расона дар бораи замон ва тартиби қатли Мулло Умар чизе бештаре нагуфтааст.Дар ҳамин ҳол мақомоти Амрико баъди аз байн бурдани Усома Бин Лодан, сарвари «Ал-Қойида» изҳор карда буданд, ки тасмими навбатиашон нобуд кардани Мулло Умар, сарвари «Толибон» хоҳад буд.