Идомаи болоравии қурби доллар ва рубл дар бозори нақду байнибонкӣ
Қурби миёнаи фурӯши як доллар дар бозори нақди кишвар давоми як рӯзи охир боло рафта, имрӯз, 17-уми март муодили 8,21-8,23 сомонӣ шудааст, ки нисбати нишондоди 16 март ҳудуди 3 дирам бештар мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби як доллари амрикоиро имрӯз, 17-уми март дар бозори байнибонкӣ низ боло бурда, 8,1264 муайян кардаст, ки нисбати як рӯзи пеш ҳудуди як дирам болотар мебошад.
Бонкҳои кишвар қурби рубли русиро барои имрӯз аз 0,140-0,141 сомонӣ муайян кардаанд, ки нисбати рӯзи гузашта бештар мебошад. Барои бозори байнибонкӣ қурби рубл 0,138 сомонӣ муқаррар шудааст.
БМТ ҳушдор медиҳад, ки “берун аз дафтари асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад”.
Ин дар ҳолест, ки соҳибкорон мегӯянд, дар бисёри бонкҳо харидани доллар ғайриимкон аст: "Мегӯянд доллар надорем".