205 нафару 19 созмон дар рӯйхати сиёҳи Бонки Миллӣ
Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри феҳрасти созмонҳои террористию экстремистӣ ва афроди алоҳида аз сокинону ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки аз ҳар гуна муомилоти молӣ бо онҳо худдорӣ карда шавад.
Бонки Миллӣ бо пешниҳоди се феҳраст, аз 205 нафар ва 19 созмон ном бурда, ҳар гуна муомилоти молиро бо онҳо мамнуъ кардааст. Бар асоси феҳрасти нашркардаи Бонки Миллӣ бархе аз афроди шомили “рӯйхати сиёҳ” феълан дар Русия, Покистон, Туркия ва дигар кишварҳо қарор доранд.
Се рӯйхати пешниҳодкардаи Бонки Миллӣ
1 Рӯйхати тоҷикистониёни узви созмонҳои террористӣ
2 Рӯйхати тоҷикистониёни таҳти пайгарди байналмилалӣ
3 Феҳрасти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ