Зуҳуров ба вазир: Агар дар боло коррупсия набошад, тобеин ҳам метарсанд
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳалолкории Олимзода Насим Хоҷа вазири нави тандурустии кишвар ситоиш карда, гуфт ин корашро дар вазорат низ идома диҳад.
Зуҳуров имрӯз 15 март зимни баррасии Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парлумон гуфт, Олимзода корашро аз духтури оддӣ сар карда, то муовин, мудири раёсат ва сардухтури клиника кор кардааст: “Ин вазир аҳволи духтуронро низ медонад, зеро роҳбарӣ кард, дид. Кораш ҳалол буд. Дар вазорат низ бо ҳамон ақидаҳоят кор кун оҳиста- оҳиста одамон туро пайравӣ хоҳанд кард”.
Шукурҷон Зуҳуров аз вазири тандурустӣ хост, коррупсияро дар вазорат решакан кунад, то ин зуҳуроти номатлуб дар сохторҳои поинтар ҳам кам шавад. Раиси Маҷлиси намояндагон муътақид аст, ки дар вазорат агар коррупсия набошад дар дигар сохторҳои поин метарсанд ва ин зуҳурот 20%, 30%, 50% кам мешавад: “Дар Қараболо, “Скорий”, “Медгородок” ва таваллудхонаҳо кам мешавад. Аммо агар ин дар боло ҷой дошта бошад, барои онҳо баҳона мешавад”.
Зуҳуров дар хитоб ба вазири тандурустӣ афзуд, фасодро тамоман решакан кун: “Ризқу рӯзӣ то ҳамин вақт омада расид, баракат меёбӣ. Ҷаноби олӣ беҳуда аз ҳамон ҷо кофтаву ҷустуҷӯ карда наовардааст. Тамоми чизро месанҷад”.
Ҷаноби Зуҳуров ба вазири тандурустӣ ҳамчунин гуфт, ба омодо сохтани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳ зоҳир намояд ва сатҳу сифати тамоми таҷҳизоти табобатиро, ки бо арзиши гарон оварда шудаанд, санҷад.
Ба гуфти раиси Маҷлиси намояндагон дар як ноҳияи дурдаст шоҳиди он шудааст, ки як ташхисгоҳ, ки метавоанд 100 навъи ташхиси хунро пешниҳод намояд, кор намекунад, зеро мутахассис намерасад. Зуҳуров аз вазир хост, барои ҷалби кадрҳо дар минтақаҳо чораҷуӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагон ба масъалаи сифати доруворӣ низ дахл карда гуфт, доруворӣ бештар аз берун ворид мешавад: “Барои зарар нарасонидани он ба аҳолӣ бояд муҳлату сифати онҳоро санҷид. Дар оянда коре кардан лозим аст, ки ҷавобгарии муассисаи назораткунанда ҳам бошад. Ҳама доруҳо бояд аз ташхисгоҳ гузаранд. Ин ҷо ҷурабозӣ, хешутаборчигӣ нашавад. Барои ҳамин аз рӯи инсоф чизе, ки зарур аст, талаб кардан лозим ва аз ташхис гузаронед, ки барои истифода ҷавобгӯ бошад”.