ИМА: Афзоиши шаҳрҳои саркаш аз фармони Трамп
Дар ИМА шумори шаҳрҳое, ки аз ҳамкорӣ бо мақомоти федеролӣ барои таъйин ва ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунии Амрико худдорӣ мекунанд, афзоиш меёбад.
Созмони ҷамъиятии The Ohio Jobs & Justice Political Action Committee мегӯяд, теъдоди ин гуна "шаҳрҳои паноҳдиҳанда" ё "шаҳрҳои паноҳгоҳ" ба наздики 500 адад мерасад.
Ба огаҳии созмон, дар посух ба сиёсати президент Трамп аз аввали соли равон инҷониб боз 30 шаҳрдори дигари Амрико эълон кардаанд, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро аз ихроҷи иҷборияшон ба ватан ҳимоят хоҳанд кард. "Ин тамоюл ҳоло идома дорад", - афзудааст созмон.
Вале чаҳор шаҳре, ки то ҳол яке аз "шаҳрҳои паноҳдиҳанда"шумурда мешуданд, - яке дар Аласка, дуто дар Оҳайо ва яки дигар дар Флорида - мавқеи худро тағйир додаанд.
Бар пояи фармони моҳи январи Трамп, сармоягузории шаҳрҳое, ки ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ паногоҳ медиҳанд, аз тарафи будҷаи федеролӣ қатъ хоҳад шуд. Ҳамзамон Кохи Сафед эътироф мекунад, ки танҳо ёриҳои моддӣ наметавонад сиёсати муҳоҷирати шаҳрҳои калонро ҳал кунад. Балки барои ҳалли ин масъала фаъолон бояд ба раисони шаҳрҳо фишор оранд.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати федеролӣ хабар медиҳад, ки пулис дар шаҳрҳои "паноҳдиҳанда" ҷамъан наздики беш аз 2 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунии боздоштшударо, ки бояд ихроҷ мешуданд, озод кардааст.