Парвандаи "хиёнат ба давлат"-и Виктор Янукович ба додгоҳ расид
Дар Киев ҳукми зиндони президенти пешини Украина Виктор Януковичро, ки дар пайи ҳодисаҳои маъруф ба "Евромайдон" соли 2014 ба Русия фирор кард, дар ғайбаш эълон мекунанд.
Янукович дар сӯиқасд ба тамомияти арзию соҳибихтиёрии Украина ва хиёнат ба давлат айбдор мешавад. Парвандаи ӯ ҳоло ба додгоҳи ноҳиявии Печерск ирсол гашта, вале зинаи додгоҳие, ки онро баррасӣ мекунад, рӯзҳои наздик муайян хоҳад шуд.
Додситони кулли Украина Юрий Лутсенко 14 март дар нишасти хабарӣ гуфт, "ин нахустин айбномаи хиёнат ба давлат аст, ки зидди раҳбари аз тарафи мардум интихобшуда эълон мегардад". Айбдоркунандаи давлатӣ дар ин парванда додситони низомии Украина Руслан Кравченко хоҳад буд.
Дар доираи парвандаи мазкур вакилони пешини Думаи давлатии Русия Иля Пономарев ва Денис Вороненков, ки ба Украина омадаанд, аллакай шоҳидӣ додаанд. Миёни далелҳо нусхаи номаи Янукович низ ҳаст, ки дар он се сол аз президент Владимир Путин вуруди нерӯҳои Русияро ба Украина хостааст.
Ин санадро 4 марти соли 2014 дар ҷаласаи Шӯрои амният намояндаи пешини Русия дар СММ Виталий Чуркин нишон дода буд, вале ҳоло мақомоти Кремл мегӯянд, ки чунин номае аз Янукович дастрас накардаанд.
Вакилони дифои президенти пешини Украина исрор меварзанд, ки ғоибона маҳкум ба зиндон кардани зерҳимояи онҳо дар доираи парвандаи хиёнат ба давлат асоси қонунӣ надорад. "Януковичро то ҳол дар ин бора огоҳ накардаанд ва ӯ низ дар Русия бо иштироки муфаттишони украин бозпурсӣ нашудааст", -- мегӯяд вакили дифои ӯ.
Зидди президенти пешини Украина, ба ҷуз хиёнат ба давлат, 5 айби дигар, аз ҷумла даст доштан дар куштори дастаҷамъии шаҳрвандон дар ҳодисаҳои "Евромайдон", тасарруфи амволи давлатӣ, ғасби ҳокимият аз роҳи ғайриконститутсионӣ эълон кардаанд.
Ба гуфтаи додситонии кулли Украина, ҳукми Янукович дар доираи парвандаи хиёнат ба давлат соли равон содир шуда, ба ӯ ҳабси абад таҳдид мекунад.