Вазир: Соли 2016 ҳамагӣ 229 мошини нав ворид шуд
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 15-уми март тағйирот ба қонун “Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2017”-ро қабул кард, ки бар асоси он мошинҳои нав 50 дарсад аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ озод шуданд.
Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдо зимни муаррифӣ гуфт, ҳадаф аз ин иқдом дастгирии соҳибкорон ва навсозии парки автомобилии кишвар мебошад. Ба иттилои вазир мошинҳое 50 дарсад аз пардохтҳои гумрукӣ озоданд, ки на дертар аз як соли охир истеҳсол шудаанду на бештар аз 10 ҳазор километр масофаро тай карда бошад.
Ин дар ҳолест ки соли гузашта ба Тоҷикистон мошинҳое,ки ба ин талабот ҷавобгӯянд, ҳамагӣ 229 адад ворид карда шудаанд.
Дар посух ба суоли вакил Ҷаббор Ахмедов, ки чӣ гуна ин иқдомро метавон дастгирии соҳибкорону мардум арзёбӣ кард, вазири рушди иқтисод посух дод, ки соли гузашта барои вуруди мошинҳои нав 6 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ҷамъоварӣ гардид. Ба гуфтаи ӯ 50 дарсад кам кардани пардохтҳои гумрукӣ имкон медиҳад, ки соҳибкорон маблағи сарфашударо барои рушди тиҷораташон равона кунанд.
Ҳикматуллоҳзода афзуд, мошинҳое, ки аз аввали соли равон вориди кишвар шудаанд, аз ин имтиёз бархӯрдоранд.