Кашфи наздик ба 300 минтақаи хавфнок дар шимоли Тоҷикистон
Дар ҳудуди вилояти Суғд 293 минтақаи хавфноки дараҷаи аввал муайян шудааст. Дар ин бора ба “Озодагон” аз Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии вилоят хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин минтақаҳо зиёда аз 370 ҳазор аҳолӣ ба сар мебарад. Манбаъ, яке аз хатарҳои асосӣ ва ҷиддиро дар минтақаҳои мазкур омадани сел гуфт: “Аз 293 минтақаи хавфнок ба 175-тои он хатари селфароӣ таҳдид мекунад. Давоми 5 соли ахир дар вилояти Суғд 89 ҳолати фавқулода, ки бештари онро селфароӣ ташкил медиҳад, ба қайд расидааст ва дар пайи он 42 нафар ҷон бохтаанд”.
Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии вилояти Суғд мегӯяд, бо тартиб додани рӯйхати манотиқи хавфнок аз мақомот дархост кардаанд, сари масъалаи амнияти будубоши одамон ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Акс аз бойгонӣ