Душанбе: Дарёфти ҷасади модару духтар дар хонаашон
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз дарёфти ҷасади модару духтар дар хонаи истиқоматиашон дар ноҳияи Сино хабар доданд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ҷасади модари 56-сола ва духтари 34-солааш 11-уми марти соли 2017, тахминан соати 10:00-дақиқа бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне бо ҷароҳатҳои бурандаву халанда, дарёфт карда шуд.
Манбаъ гуфт, айни ҳол бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят марди 34-сола, сокини шаҳри Душанбе боздошт гардидааст, аммо ҷузъиёти бештари қазияро ироа накард: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти ҳодиса идома дорад”.