Ду голи беҷавоби “Истиқлол” ба дарвозаи дастаи Бишкек
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2017 “Дордой”-и Бишкекро шикаст дод.
Ин бозӣ шоми гузашта, 14 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гашта, бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Ду голи беҷавоби Тоҷикистонро ҳимоятгар ва легионери африқоӣ Девид Мавутор (дақиқаи 17) ва Ҷаҳонгир Алиев (22) ба ҳадаф расониданд.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2017 шомили гуруҳи “D” буда, бо “Дордой”, “Олтин Асир”-и Туркманистон, “Олой”-и (Қирғизистон) рақобат мекунад.
Дастаи “Дордой”-и Қирғизистон баъди шикасти тими “Ҳосилот”-и Тоҷикистон дар марҳалаи плей-оффи Ҷоми КФО ба марҳалаи гуруҳӣ роҳ ёфт.