Оғози даъвати баҳорӣ ба артиш: Вазорати тандурустӣ муваззаф шуд, табибони ботаҷрибаро ҷалб намояд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлаташонро адо кардаанд, рухсат шуда, даъвати ҷавонони соли таваллудашон 1990-1999 ба хидмати ҳарбӣ оғоз гардад.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси ин фармони Эмомалӣ Раҳмон даъвати наваскарон давоми ду моҳи оянда сурат мегирад: “Моҳҳои апрел-майи соли 2017 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд”.
Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳоро муваззаф кардааст, “бо дарки масъулият якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ даъвати мутташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд”.
Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон вазифадор шудаанд, омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд тарғибу ташвиқ намоянд.
Ба таъкиди раисҷумҳури Тоҷикистон, Вазорати мудофиа, раисони комиссияи даъвати вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд.