“Ямал” парвозҳояш аз Жуковскийро то ҳалли қазияи парвоз ба Тоҷикистон лағв кард
Ширкати ҳавонавардии “Ямал” гуфтааст, парвозҳояш ба Қирғизистонро аз фурудгоҳи Жуковский то дарёфти иҷозаи парвоз ба Тоҷикистон лағв мекунад.
Андрей Дубров, раҳбари тиҷоратии ин ширкат ба ТАСС гуфтааст, “тасмим гирифта шуд, ки парвозҳо ба Қирғизистон бекор карда шавад, зеро “Ямал” ҳанӯз иҷозаи парвозҳо ба Тоҷикистонро дарёфт накардааст. Нигоҳ доштани ҳавопаймо дар Жуковский барои як парвоз ба Қирғизистон маънӣ надорад”.
Ба таъкиди ӯ, ширкат танҳо баъди дарёфти иҷозаи парвоз ба Тоҷикистон фаъолияташро дар Жуковский барқарор мекунад: “Аз вазъияти моҳи декабри соли 2016 панд гирифтем, аз ин рӯ бидуни иҷоза ба фурӯши билетҳо ба Тоҷикистон шурӯъ намекунем”.
Андрей Дубров моҳи феврал гуфта буд, ширкат қасд дорад, аз 27 март парвозҳоро ба Тоҷикистон шурӯъ кунад: “Дар ҳоли ҳозир ҳанӯз маълумоти расмӣ дар мавриди иҷозаи парвозҳо аз “Жуковский” ба Тоҷикистонро дарёфт накардаем. Аммо созиши шифоҳӣ тавассути телефон ҳаст ва бо назардошти ин тасмим дорем, аввалин парвоз ба Тоҷикистонро 27 март анҷом бидиҳем”.
Моҳи декабри соли 2016 Тоҷикистон ба ширкати “Ямал” бо ин далел, ки дар протоколи танзими парвозҳое, ки 7 ноябри соли гузашта дар Маскав имзо шуд, парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ба Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст, иҷоза надод, ки ҳавопаймоҳояш аз фурудгоҳи нави “Жуковский” ба Тоҷикистон парвоз кунад. Дар пайи ин, Вазорати нақлиёти Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-ро ба баъзе минтақаҳои ин кишвар қатъ намуд.
Дар пайи “таниши ҳавойӣ” садҳо муҳоҷири тоҷик, ки чиптаи ҳавопаймо харидорӣ карда буданд, дар фурудгоҳҳо дармонданд. Баъди чанд мулоқоти бенатиҷа, билохира 27 январ Вазорати нақлиёти Русия эълон кард, Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз “Жуковский” ба Душанбеву Хуҷанд ризоят дода ва ширкати “Сомон Эйр” ҳам иҷозати парвоз ба шаҳрҳои Красноярск, Краснодар, Уфа ва Оренбургро дарёфт кардааст. Аммо гуфта мешуд, “Ямал” аз тобистон ба парвозҳо шурӯъ хоҳад кард.