Интиқоди шадиди Устод Ато аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва эълони ширкаташ дар интихоботи оянда
Ато Муҳаммади Нур, волии вилояти Балх, аз шахсиятҳои пурнуфузи саҳнаи сиёсии Афғонистони муосир, барои пуштибонияш аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2014 аз мардуми кишвар ва ҷонибдоронаш узр хостааст. Дар ин бора телевизюни 1(1TV) –и Афғонистон иттилоъ додааст.
Волии Балх дар маросими гиромидошт аз солгарди марги моршол Муҳаммад Қасим Фаҳим муовини собиқи раисҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки ҳимояти мо барои боло бурдани касе то Арк (қасри раёсатҷумҳурӣ) набуд: “Тасмими мо барои қонеъ гардондани ниёзи мардуми мо пешбинӣ шуда буд”.
Ато Муҳаммади Нур аз ҷонибдоронаш ба хотири ин ки натавонистааст тааҳудоти худро ба иҷро бирасонанд, узр хоста, Абдуллоҳ Абдуллоҳро дар нотавонӣ барои истодагарӣ аз ҳаққи мардум муттаҳам кард.
Волии Балх гуфтааст, ки ӯ муддатҳост бо Арки раёсатҷумҳурӣ дар як музокироте барои таъмини ҳуқуқи ҳаводорон ва аъзои Ҷамъияти исломист. Ба бовари ҷаноби Ато Нур ин ҳуқуқҳоро мебоист раёсати иҷроия фароҳам мекард, ки натавонистааст бикунад.
Ба иттилои бахши дарии “Озодӣ” ҳамчунин Ато Муҳаммади Нур Абдуллоҳ Абдуллоҳро дар нотавонӣ ҷиҳати дифоъ аз ҳуқуқу имтиёзоти ҳизби Ҷамъияти исломӣ дар ҳукумат муттаҳам намуда, ҳамчунин гуфтааст, ки раёсати иҷроия дар талоши тахриби музокироти ҳар ду тараф будааст.
Ато Муҳаммад Нур инчунин гуфтааст, ки доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷроияи ҳукумат барои таъмин манофеи шахсӣ ва ҳифзи қудрат дар талош анҷоми муомила аст ва борҳо атрофёнаш дар баробари ҳаводорон ва ҳомиёни ҳизб Ҷамъияти исломӣ тааҳҳудшиканӣ кардаанд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ то кунун дар мавриди ин суханон волии Балх вокуниш нишон надодааст.
Ато Муҳаммади Нур инчунин гуфт, дар назар дорад, ки ҷиҳати таъмини касби аҳдофи ҳизб Ҷамъият ва таъмини ҳуқуқи ҳаводорони худ дар интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурӣ вориди майдони рақобат шавад.