Муҷозоти ронанда барои дағалӣ ва фуровардани мусофир
Ширкати «ЛТД Мусофир» ронандаи мусофиркаши “54+54”-ро, ки 10-уми март яке аз мусофиронро бидуни ҳеч далел аз солуни мошини худ берун карда буд ва бар пайи ин мақолае дар “Озодагон” нашр гардид, аз кор озод намудааст. Ин нукта дар номаи Директори генералии ҶММД “ЛТД Мусофир” ба унвонии хабаргузории “Озодагон” зикр шудааст.
Директори генералии ин ширкат Р. Сангинов навиштааст, ки “мақолаи “Фуро, тоҷикиро намефаҳмӣ?” рӯзи 11-уми марти соли 2017, пагоҳӣ пеш аз ба сафар баромадан, дар ҷаласаи васеи коргарон бо иштироки ронандагон мавриди муҳокима қарор дода шуда, рафтори ношоистаи ронандаи автомашинаи Х-старекс 6057 тт01 Салимов С. аз тарафи ронандагон маҳкум карда шуда, қайд карда шуд, ки ягон ронанда ҳуқуқи истеъмолкардонро ҳаққи поймол кардан надорад. Дар асоси қарори ҷаласа, барои дағалӣ бо мусофирон, бе асос фаровардан ва иваз кардани хати сайр бо ронандаи автомашинаи Хундай Старекс рақами 6057тт01 Салимов С. аз 11 марти соли 2017 шартномаи ҳамкорӣ қатъ шуда, рақамҳои сислсилаи “ТТ” ба БДА супорида шуда аз ҷамъият озод карда шуд”.
Ҳамчунин ба иттилои директори ширкат дар ин ҷаласа ба муовини директори “ЛТД Мусофир” Тиллоев Б. низ барои надидани чораҳои қатъӣ ва ба мизоҷ сари вақт нарасонидани маълумоти мушаххас муҷозоти меҳнатӣ дар намуди “танбеҳ” эълон карда шудааст.