АКСУ ВИДЕО: Ҳалокати 8 нафар дар фоҷиаи Ваҳдат
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи чаппа шудани боркаши “ЗИЛ-130” дар шаҳри Ваҳдат 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба иттилои торнамои расмии ин ниҳод, баъд аз зуҳри 11 март ронандаи 41-солаи боркаш пас аз маросими дафн, ҳангоми бозгашт аз қабристони ҷамоати деҳоти Баҳор дар ҳудуди қабристони мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст. Дар натиҷа 6 мусофири аз 22 то 57-сола (сокинони шаҳрҳои Ваҳдату Душанбе ва ноҳияи Нуробод) дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд: “Инчунин, 19 мусофири дигар, сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштанд”.
Вазорати умури дохили мегӯяд, ду нафари дигар дар беморхона ба ҳалокат расиданд: “Таҳқиқи ҳодиса идома дорад”.