ВАО: Шаҳрванди 16-солаи Тоҷикистон аз ошёнаи 24-ум афтидааст
Як зодаи Тоҷикистон аз бинои бисёрқабатае дар пойтахти Русия ба замин афтида, ба ҳалокат расидааст.
Расонаҳои русӣ бо такя ба иттилои шоҳидон навиштаанд, ҳодиса шаби гузашта дар шимоли Маскав ба вуқӯъ пайвастааст. “РЕН ТВ” мегӯяд, вақте ин духтари 16-сола мехостааст, ки либосҳоро овезон кунад, аз ошёнаи 24-ум сарозер шудааст. Ба иттилои манбаъ, ин духтар дар синфи ҳаштум таҳсил мекардааст: “Замони вуқӯи ҳодиса аҳли хонаводаи ӯ дар хона будаанд”.