Баҳс дар Суди Олӣ: Аз дуздии “радиатор” то марги сарбоз ва ҳабси сардор
Наздикони Ҷаҳонгир Қурбонов, як сокини ноҳияи Фархор, ки ахиран ҷасади беҷони ӯро аз қисми низомӣ ба хона оварданд, мегӯянд, бовар надоранд, ки ӯ худкушӣ карда бошад.
Ҷӯрабек Қурбонов, падари Ҷаҳонгир дар ҷараёни баррасии қазияи марбут ба марги ин сарбоз имрӯз, 10 март дар Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, вақте ҷасади фарзандашро ба онҳо супурданд, дар бадани ӯ изи латту кӯб дида мешуд: “Ман боварӣ надорам, ки ӯ даст ба худкушӣ зада бошад, ба фикри ман ӯро чанд нафар ба қатл расонидаанд”.
Зимни баррассии парванда дар додгоҳ гуфта шуд, 9 сентябри соли 2016 замони навбатдории Ҷаҳонгир Қурбонов ва ҳамхизматаш Меҳроҷиддин Беҳзод дар қисми низомии 2747-и шаҳри Душанбе як гармкунаки барқӣ - “радиатор” гум мешавад. Айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, рӯзи дигар Ёрибек Саидов, лейтинанти ин қисми низомӣ ҳардуро даъват карда, дашном медиҳад.
Меҳроҷиддин Беҳзод зимни баромади худ дар додгоҳ гуфт, дар асл онҳо як “радиатор”-ро гирифтаанд: “Дар дохили мошинсарои қисми ҳарбӣ ду радиатор буд ва мо дидем, ки яктоаш аллакай нест. Ба хотири гум нашудани дигараш онро бо худ гирифтем ва соати 6-и бегоҳии санаи 9 сентябр оварда супоридем”.
Ӯ илова кард, Ёрибек Саидов онҳоро ба назди худ даъват карда, гуфтааст, “радиатор”-и дигарро ҳам онҳо дӯздидаанд ва дар ҳолати наовардани 400 сомонӣ, падару модари онҳоро даъват хоҳад кард: “Гуфт ки ҳар як радиатор 200 сомонӣ арзиш доранд, агар ин маблағро наорем, волидони моро даъват карда, дар назди дигар сарбозон шарманда хоҳанд кард. Ва мавод тартиб дода, ба прокуратура равон хоҳанд кард”.
Ба гуфтаи ин сарбоз, Саидов рӯзҳои 9 ва 10 сентябр чандин маротиба Қурбоновро ба назди худ даъват карда, баёнот гирифтааст. Айбдоркунандаи давлатӣ афзуд, бо сабаби фишор овардан ва муомилаи бераҳмонаи Ёрибек Саидов 11 сентябри соли 2016 Ҷаҳонгир Қурбонов худро дар дохили анбори ҳезуми қисми ҳарбӣ ба дор овехтааст. Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, бар асоси моддаҳои 250 қисми 1 ва 143 прим 1-и Кодекси ҷиноии кишвар Ёрибек Саидов 14 сол аз озодӣ маҳрум гардад.
Аммо волидони Ҷаҳонгир Қурбонов гуфтанд, аз ин талаб ризо нестанд. Ҷӯрабек Қурбонов, падари марҳум гуфт: “Мехоҳам Ёрибек Саидов ҳукми ҳабси якумра гирад”.
Дар ҳамин ҳол, худи Ёрибек Саидов худро гунаҳкор надониста, аз додгоҳ талаб кард, раҳояш кунанд. Додгоҳ баррасии парвандаи мазкурро то душанбеи ҳафтаи оянда мавқуф гузошт.
Дар акс Ҷӯрабек Қурбонов, падари сарбози марҳум