9-уми декабр дар саросари дунё ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи фасод» таҷлил мешавад.
Дар ҳамин ҳол, созмони байналмилалии «Transparency International» дар гузориши ахири худ, ки ду рӯз қабл аз ин мунташир шудааст, нигошта, ки мизони фасод ва амалҳои характери коррупсионӣ дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш доранд. Ин ташкилот дар гузориши нави худ, ки дараҷа ва мизони фасод дар 182 кишвари ҷаҳонро муайян кардаст, Тоҷикистонро дар мақоми 152-юм қарор дода, ки аз соли гузашта ду зина болотар аст. «Transparency International» мустақил набудани додгоҳҳо, ба иҷро нарасидан ё ба кундӣ иҷро шудани раванди бархе аз қонунҳоро аз омилҳои аслии густариши фасод дар Тоҷикистон хондааст.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо чунин натиҷагирии созмони “Транспаренси Интернешнл”-ро рад карда ва гуфтаанд, ки фасод дар ин кишвар ба он ҳадде нест, ки созмони Transparency International нишон медиҳад.