Ҷашни матбуот: 9 рӯзноманигор ҷоизаи Лоҳутӣ гирифт
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар арафаи рӯзи матбуот, ки ҳамасола 11-уми март таҷлил мешавад, соҳибони ҷоизаи Абулқосим Лоҳутиро дар соли равон эълон карданд.
Ҷоизаи Лоҳутӣ дар бахши матбуот, телевизион, радио ва илм имрӯз, 10-уми март дар шаҳри Душанбе ба 9 нафар тақдим гардид: “Ҷоизаи Лоҳутӣ дар бахши матбуот ба Бобоҷон Икромов, Носирҷон Маъмурзода, Умаралӣ Сафаралӣ, Ёқубҷон Абдуманонов, дар бахши илм Абдусаттор Нуралиев, Сангин Гулов, дар бахши телевизион Абдумаҷид Ҳакимзода, Набиҷон Набизода ва дар бахши радио ба Ҳабиб Мақбулов супорида шуд”.
Инчунин имрӯз ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ ба 8 рӯзноманигори ҷавон тақдим гардид.