Телевизиони нави Тоҷикистон “7 ситора” расман фаъол шуд
Дар шаҳри Хуҷанд телевизиони нав бо номи "Ҳафт ситора" расман ба пахши барномаҳояш шуруъ кард. Ин шабакаи нави телевизионӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд намоишҳои озмоишии худро ҳанӯз дар оғози моҳи январ шуруъ карда буд.
Салимҷон Камолов, яке аз муассисони ин шабакаи нави телевизионӣ дар суҳбат ба “Озодагон” ҳанӯз замони пахши намоишҳои озмоишӣ гуфта буд, ки тибқи иҷозатномае, ки аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон дарёфт кардаанд, ҳуқуқ доранд, ки 24 соат барнома ва намоиш дошта бошанд: "Шабакаи мо як шабакаи махсуси соҳавӣ нест, мо ният дорем, ки ҳам барномаҳои хабарӣ ва ҳам барномаҳои таҳлиливу фароғатӣ ва тафреҳии тамоми соҳаҳоро пешниҳоди бинанда кунем. Қисми асосии кори шабакаи моро барномаҳои итилоотиву тафреҳӣ ташкил медиҳад. Барои намуна мо ният дорем барномаҳо дар мавриди шикор, моҳидориву куҳгардӣ ва дигар соҳаҳо пешниҳод кунем”.
Бар асоси иттилои Маҳмудҷон Додобев, сухангӯи шаҳрдории Хуҷанд ҳоло бо шумули ин телевизиони нав “дар шаҳри Хуҷанд ҳафт телевизиони мустақили фаъолият мекунанд. Дар баробари ин 6 телевизиони давлатии сатҳи ҷумҳурӣ, 2 телевизиони ноқилӣ, телевизиони эфирию ноқилии «АНТ» ва телевизиони шабакавии интернетии «ТТЛ-ТВ» ба сокинон хизмат мерасонад”.
Таъсиси телевизиони 7-уми мустақил ва ё ба истилоҳ ғайридавлатӣ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳолест, ки дар шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар танҳо як шабакаи телевизионии мустақил – СМТ фаъолият мекунаду халос.
Таъсис ва роҳандозии телевизиони “7 ситора” дар соли 2017 дувумин шабакаи телевизионӣ мебошад. Қабл аз ин 21-уми феврал шабакаи “Футбол” расман ба фаъолият шуруъ карда буд.