Бурду бохти як соли мубориза бо шиканҷаю беҷазоӣ
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ натиҷаҳои фаъолияташ дар соли 2016-ро нашр кард.
Тибқи иттилоияи Эътилоф соли гузашта дар кишвар 57 ҳолати шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд: “Дар мавриди 41 парванда оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона маслиҳати ҳуқуқӣ дода шуд, ки аз ин шумора 30-тояш парвандаи нав буда, 11-тои дигар парвандаҳое мебошанд, ки аз солҳои пеш аз ҷониби ҳуқуқшиносони Эътилоф ба қайд гирифтаву пеш бурда мешаванд”.
Масъулини Эътилоф мегӯянд, соли 2016 нисбати парвандаҳои хизматчиёни ҳарбӣ панҷ қарори айбдоркунӣ бароварда шуд, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб кардани ҳайати афсариро низ дар бар мегирад: “13 нафар ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд, ки аз ин теъдод 6 нафарашон ба ҳайати роҳбарикунанда дахл доранд”.
Эътилоф афзуд, ки намояндагонаш дар баррасии парвандаҳои судии стратегӣ иштирок дорад ва ҳамзамон таҷрибаи судиро дар мавриди муҳайё намудани таҷрибаи аз ҷониби давлат пардохт шудани ҷуброни зарар ба қурбониён ва хешовандони онҳо васеъ менамояд: “Дар соли 2016 дар мавриди 2 парванда қарор оид ба ҷуброни зарар бароварда шуд, як парванда рад карда ва ниҳоят қатъ карда шуд, нисбати 2 қарори судӣ шикоят оварда шуд. Пешниҳоди даъво дар мавриди 7 парванда, аз ҷумла дар 2 ҳолат талаб кардани ҷуброни зарари моддиву маънавӣ барои тафтишоти ғайри самаранок дар нақша аст”.
Дар мавриди парвандаҳо оид ба ҷуброни зарар Эътилоф илова намуд, ки 9 баҳогузории равоншиносӣ дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ гузаронида шудааст. Ба иттилои манбаъ соли 2016-ум 25 нафар даъвои ҷуброни зарар кардаанд: “Аз ин11 зан ва 14 мард мебошанд. Даҳ нафар - шахсони аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарардида, боқимонда 15 нафар аъзои оилаҳои қурбониёни шиканҷаанд. Ду қурбонӣ ноболиғ ба шумор мераванд”.
Эътилоф 11 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 6 шахси воқеиро дар бар гирифта, торнамои худ - www.notorturetj.org-ро фаъол кардааст, ки дар мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон воситаи фарогири иттилоотӣ ба шумор меравад.