Фуро, тоҷикира намефаҳмӣ?
Имрӯз, тахминан соати 11:15 аз маҳаллаи маъруф ба “Гипрозем” ба мусофиркаши 54+54, рақами қайди давлатиаш 6057 ТТ 01 тамғаи “Старекс” савор шудам. Як сомонӣ (ҳар рӯз то ҷойе, ки ман меравам мусофиркашҳо як сомонӣ мегиранд) дароз кардам ва ронанда пурсид:
- То куҷо?
- Гуфтам: то Сирк.
Бо шунидани Сирк ронанда шӯриду гуфт, ки Сирк намеравам, аз мошин фуро. Ман гуфтам, ки барои ман худи Сирк даркор нест, то пеши пуле, ки назди нашриёти Шарқи Озод ҳаст, то ҳамон ҷо меравам. Аммо ронанда баъди ин сухан сахттар шӯриду бо оҳанги таҳдиду зӯрӣ гуфт, ки он ҷо ҳам намеравам. Ман гуфтам, ки чӣ хел намеравӣ, ҳар рӯз ман дар ҳамин мусофиркаши 54 меравам мераваду, ту чӣ хел намеравӣ?
Ронанда бештар шӯриду гуфт, ки: “Тоҷикира намефаҳмӣ, фуро. Намеравам, ман Лучоб мерам, ҷойи гуфтагии ту намерам, то Саховат мерам”. Ман гуфтамаш, ки охир ҳамон Лучоб магар аз зери ҳамун пул намеравӣ ва ту чӣ ҳақ дорӣ, ки маро мефурорӣ? Аммо ронандаи ин мусофиркаш, ки зоҳиран ҳолати равониаш чандон дуруст набуд, сахттар ба шӯр омаду гуфт, ки “ман тура ба забони тоҷикӣ гуфтестам, ки фуро намерам. Ғайр ай тоҷикӣ ягон забони дигарро намедонам, ҳаминро ҳам ҳилла мефаҳмам. Фуро вақти мара нагир”.
Чун баъди ин қадар шӯриданҳо ва қотеона такрори “намерам-намерам”-и ронанда мутмаин шудам, ки намерафтааст (дар ин шабу рӯзҳо танзими нақлиёти мусофирбар аз дигар роҳандозӣ шудааст, гуфтам шояд аз ин хотир бошад) ва аз мусофиркаш поин шудам. Ҳангоме, ки поин мешудам, гуфтам, ки “ин чӣ тартиб аст, як рӯз меравед, як рӯз намервед”. Ронанда гуфт, ки “ира ҳукумати шаҳр кардааст, агар зӯр бошӣ ҳукумати шаҳр қатӣ гап зан”.
Чанд мусофиркаши дигари рақами 54 гузашт, бо такя ба ҳарфҳои ронандаи шӯрида онҳоро нигоҳ надоштам, ки савор шавам. Аммо барои муайян кардан як “Старекс”-и 54+54-и қарор додам, ки бипурсам меравад ё не. Ғайриинтизори ман ронандаи ин мусофиркаш гуфт меравам (ин мусофиркаш аз 5 сомонии дарозкардаам 3 сомонию 50 дирам бақия дод). Савор шудам ва қазияи чанд лаҳза пештар рухдодаро нақл кардам, аммо ронанда гуфт, ки тағйироте нест ва намедонад, ки чиро ҳамтояш маро зӯран фуровардааст.
Баъди расидан ба коргоҳ ба шумораи телефони ҶДММ “ЛТД Мусофир”, ки масъули ҳамлу нақли мусофирон дар хатсайри 54+54 мебошад, занг задам. Яке аз масъулони ин ҷамъият ҳам гуфт, ки ронанда ҳақ надошт, шуморо аз мошин поин кунад. Ин масъули ҶДММ “ЛТД Мусофир” гуфт, ки ҳоло ба ронанда занг мезанад ва қазияро равшан намуда, дигарбора ба ман занг мезанад. Аммо аз соати 12:20 то 15:20 мунтазир шудам, занге нашуд. Чанд суол ба масъулин боқӣ мемонад:
- Чаро ҳуқуқи истеъмолгари хидматрасониҳо поймол мешавад?
- Кӣ ронандаҳоро иҷоза додааст, ки мусофиронро бидуни ҳеч кадом далел (ва бо далелҳои дуруғин) аз солуни мусифркашҳо биронанд?
- То кай пулидиҳанда (мизоҷ) муттаҳами пулгиранда боқӣ мемонад?
- Оё ронанда ҳақ дорад, ки худсарона хатсайрро тағйир бидиҳад?
Ман, ҳамчун мусофир аз ҶДММ “ЛТД Мусофир” ва дигар ниҳодҳои масъул дар ҳамлу нақли мусофирон (дар шаҳри Душанбе), аз ҷумла ҳукумати шаҳри Душанбе хоҳиш мекунам, ки ба ин бархӯрди ронанда баҳои воқеии ҳуқуқӣ дода шавад ва натиҷаи он ба идораи “Озодагон” (суроғаи “Озодагон” хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, қабати аввал) ирсол шавад.
Ҳангоме, ки ин матлаб навишта мешуд ҳамкори дигарамон гуфт, ки дирӯз мусофиркаши 28 (рақами қайди давлатиаш 4655 ТТ 01) онҳоро аз бозори Корвон бо гирифтани 2 соомонӣ (ҳол он ки бояд 1,60 сомонӣ бигирад) савор карда, бидуни огоҳии пешакӣ онҳоро дар гардиши маҳаллаи 101, ҷойе, ки сохтмони эстакадаи 82 оғоз мешавад, фуровардааст (5 мусофирро). Ба гуфтаи ин ҳамкорамон қарор буд, онҳо то маҳаллаи Испечак бираванд. Ҳамкори мо ба ронанда гуфтааст, ки ба рақами ҷамъияте, ки масъули хатсайри 28 аст, занг мезанад, вале ронанда гуфтааст, ки “куҷое, ки мехоҳӣ занг бизан”.
Худсариҳои мусофиркашҳои 28-ро чандест, ки на ҳукумати шаҳр танзим мекунаду на ҷамъияти масъули ҳамлу нақл ва на БДА-ву на ҳеч ниҳоде. Рӯзҳои шанбеву якшанбе, ки ғолибан мусофирҳо бисёранд ронандаҳои ин хатсайр мусофирони то бозорчаи “Дӯстӣ”-ву маҳалли “Политехникум”-ро савор намекунанд. Бар хилофи қарори раиси шаҳри Душанбе аз мусофирон ҳатто нисфи хатсайр 2 сомонӣ талаб мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин хатсайр қиммати роҳкиро то назди бинои БДА (ҷумҳурявӣ) 80 дирам ва аз он болотар 1 сомонию 60 дирам мебошад. Дар мавриди худсариҳои ронандаҳои мусофиркаши 28 “Озодагон” чандин матлабе ҳам нашр намуда буд ва қисме аз ронандаҳо ҳам ҷазо гирифта буданд, аммо вазъ ба ҷойи он, ки тағйир ёбад, мутаассифона бадтар мешавад.
Ҳоло ин дафъа бибинем, ки ин ронандаҳоро чӣ интизор аст?!
Мушоҳидагари “Озодагон”