Исми барандаҳои Ҷоизаи Лоҳутиро 10 март эълон мекунанд
Иттифоқи журналистон ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маъракаи бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷикро имсол 10 март баргузор мекунанд.
Аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, азбаски 11 март – Рӯзи матбуоти тоҷик рӯзи истироҳатист, тасмим шуда, ки маросими таҷлили онро як рӯз пештар созмон бидиҳанд: “Чорабинӣ соати 14:30 дар театри ба номи Лоҳутӣ оғоз мешавад. Қабл аз оғози расмии маросим намоиши рӯзномаву китобҳо доир мегардад”.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз исми барандаҳои Ҷоизаи Лоҳутии Иттифоқи журналистон, ҷоизаи ба номи Воҳид Асрории факултаи журналистикаи ДМТ эълон хоҳад шуд: “Имсол барои дарёфти ҷоизаи Лоҳутӣ 28 нафар довталаб буд”.
Ҷоизаи Лоҳутӣ дар бахши матбуот, телевизион, радио ва илм тақдим мегардад.