АКС: Ниҳолшинонии Э.Раҳмон бо Рустаму Сомон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 8-уми март бо писаронаш Рустам ва Сомони Эмомалӣ дар боғи “Нишони давлатӣ” ниҳол шинонданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи модар чун анъанаи накӯи баҳорӣ ва рамзи иди Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар шаҳри Душанбе иштирок кард: “Ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию руҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, шинонида шуд”.
Манбаъ мегӯяд, шуруъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор Эмомалӣ Раҳмон ба хотири мусоидат ба беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар як гӯшаву канори мамлакат маъракаҳои умумии ниҳолшинонӣ ташкил менамояд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон 2 феврал дар майдони Наврӯзгоҳи пойтахт ва 4 март дар боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ ширкат карда буд.