МОДАРАМ: Инсоне бо ҳарфи бузург
Иршод Сулаймонӣ
Ман баъзан гумон мекунам, ки падарамро нисбат ба модарам бештар дӯст медорам. Аммо хеле хуб аст, ки ин танҳо як пиндор аст. Чун муҳаббати фарзанд ба модару падар тақсим намешавад. Онҳо сарманшаи саодат ва ифтихори фарзанд ҳастанд ва низ боқӣ мемонанд. Барои ҳар фарзанде чун ман ифтихор аст, ки дар ростои зодрӯзи модараш ӯро табрик мекунад. Шояд модарҷони ман ҳеч вақт ниёзманди табрики ман набудаанд. Чун бе ин ҳам медонанд, ки ман онҳоро эҳтиром дорам ва сина-сина ифтихороти даруниро бо умеди хушрӯзиву бардамияшон бо худ мебарам. Дигарҳоро намедонам, ба ҷойи каси дигаре сухан намегӯям, муҳаббати каси дигареро аз модараш дуздиданӣ нестам, аммо ҳеч вақт мисли навиштани ин матлаб, имшаб бо муҳаббат сари компутар нанишастаам, ки бо кайфият ва як самимияти вижа рози дил кунам.
Ба дунёи кӯдакӣ ба сайр меравам, ки он ҳамеша рангин аст. Ба насиҳатҳои модарам аз дидгоҳи тифлиям, аммо бо ақлу идроки имрӯзӣ гӯш медиҳам. Ҳамеша зимни насиҳат фарзандони деҳаро, ки ба ҷойгоҳе расида буданду дар зиндагӣ муваффақ гаштаанд ба ман мисол мезад. Бо ин ният, ки ман ҳам мисли онҳо шавам. Аммо ман ҳеч вақт дар муқобили ин мисолҳо модарони ҳамсояро барояш мисол оварда наметавонистам. Зеро ӯ барои ман қиёснашаванда аст. Ӯ олтернотив надорад, чаро ки модари ман аст. Оё каси дигар метавонист модари ман бошад? Не! Зеро насиҳати ӯ, фарзанди ӯ, иффати ӯ, халоққияти ӯ, шоистагии ӯ, ворастагии ӯ, ҳиммати ӯ, муҳаббати ӯ, ҷаҳони ӯ, фалсафаи ӯ, мазҳаби ӯ, Худошиносии ӯ танҳо ба худаш махсусанд.
Ман садоеро аз най хуштару дилнишинтар, мусиқиеро форамтару гуворатар, оҳангеро марғубатар ва мутантантар медонам. Ин садои хандаҳои модари ман аст, ки хеле сода, форам, самимӣ ва дилнишин дар фазои нигоҳ ва чеҳрааш танинандоз аст.
Баъазан бо таассуф ва дард ҷойи ин мусиқии руҳнавозро дар хонаи муҳаббате, ки ба модарам дорам як оҳанги ҳузнангезе ба иҷора мегирад. Ин гиряи модари ман аст. Аммо эҳсос мекунам, ки ин гиря низ ба ӯ махсус аст. Шояд гиряи ҳама модарон ҳузнангез ва муассиранд, ки онҳо аз тасаввури ман берунанд ва фаротар аз ҳасоссиятҳои равонии ман қарор доранд. Чун ман ба онҳо муҳаббати вижа надорам.
Ман ба Худо ҳасад бурда наметавонам, вале ба модарам ҳасад мебарам, зеро аз ман бузургтар аст. Ҳеч вақт наметавонам аз ӯ бузургтар бошам. Модари ман модари нуҳ фарзанде чун ман аст, ки якояки онҳо аз ӯ ифтихор доранд. Мо ҳама чизро аз падару модарам ба мерос гирифтаем ва пеш аз ҳама рисолати тааллуқ доштан ба онҳоро. Дар ин лаҳзаҳое, ки модарам зодрӯз доранд, ҳамаи мо, шаш бародару се хоҳар як саволро аз ҳамдигар мепурсем, ҳарчанд посухи ин саволро медонем. Ин як саволи сода аст, ки танҳо мо ӯро тасаввурношуданӣ медонем. Ва ин савол ҳам ин аст, ки воқеан модарҷони мо шастуандсола шуд? Ман мегӯям, ки не. Зеро ӯ барои мо ҳамеша ҷавон аст, нозанин аст, бебадал аст.
Мо сафедии зиндагиро бо шарофати рӯсарии сафеди намунаи иффаташ дарёфтаем. Эҳтиромро аз ахлоқи баландаш дарк кардаем. Ҳалол хурданро аз покияш хулоса намудаем. Дӯст доштанро аз ӯ омӯхтаем. Садоқатро дар бедорхобиҳояш мушаххас кардем ва хиёнатро намедонем. 47 сол мешавад, ки саодати хонаводаи моро Худованд ба баракати пешвоёни мазҳаби зиндагии мо-падару модари азизамон устувор нигоҳ медорад. Ин саодат муқаддасоти ҳамешагии рӯзгори мост. Мо барои гиромӣ доштани ин муқаддасот масъулем. Ин ягонаи моддаи Қонуи Асосии хонаводаи мост.
Рӯзгори босаодати ҳама модарон таъмин бод. Мо, ҳама, аз вазир то сағир мадюни шоистагии модарем!