Шӯрои уламо: “Оллоҳ” нодуруст аст
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки “Оллоҳ” талаффуз кардани номи Худо нодуруст аст.
Ин ниҳод дар посух ба суоли як корбараш, ки оё Худоро дар намоз ё дар гуфтор "Оллоҳ" гуфтан дуруст аст ё на, изҳор доштааст, ки “тарзи дурусти номи Худо “Аллоҳ” аст ва дар ҳама ҳолат бояд ҳамин гуна талаффуз карда шавад. Ба шакли “Оллоҳ” талаффуз кардани номи Худо нодуруст аст”.
Шӯрои уламо зарур хондааст, ба афроде, ки номи Худоро “Оллоҳ” талаффуз мекунанд, бояд тарзи дурусти талаффуз таълим дода шавад.