ВКД: Милитсия ҷиноятро пинҳон накардааст!
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфтааст, хабарҳо дар бораи ин ки кормандони пулис куштори як сокини Турсунзодаро худкушӣ унвон кардаанд, асос надоранд.
Бино ба иттилои торнамои расмии ин ниҳод, “оиди куштори шаҳрванди ноболиғ, сокини шаҳри Турсунзода И.Н. дар рӯзи 02.02.с.2017 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин маълум менамояд, ки дар баъзе аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабари нодуруст паҳн гашт, ки гӯё ШВКД дар шаҳри Турсунзода ҷинояти мазкурро пинҳон карда, ҳамчун ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта бошад”.
Манбаъ мегӯяд, аз рӯзи аввали содиршавии ин ҳодиса кормандони пулиси шаҳри Турсунзода онро пайгирӣ намуда, дар якҷоягӣ бо мақомоти додситонӣ дар кушодани ҷиноят иштирок намудаанд: “Кормандони милитсия санҷишро баъди бақайдгирии ҳодиса боз надошта, аз рӯи фарзияҳо корро давом дода, чанд нафар шахсонеро, ки бо марҳум алоқамандӣ доштанд, мавриди коркарди оперативӣ қарор дода, бо бурдани корҳои оперативӣ рӯзи 09.02.с.2017 гумонбарони ин ҷинояти мудҳишро ошкор намуда, ба мақомоти прокуратура пешниҳод карданд”.
Дар идомаи ин хабар омадааст, ки “милитсия ҳеҷ гоҳ ҷиноятеро пинҳон намекунад ва ҳама вақт кӯшиш менамояд, ки мушкилкушо ва ҳамроҳи мардум бошад”.
Ин иттилоия дар ҳоле нашр шуд, ки бархе расонаҳо бо такя ба додситонии шаҳри Турсунзода хабар доданд, коршиноси судии ташхисгоҳи Шӯъбаи корҳои дохилии Турсунзода бар асоси моддаи 351-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ва ё дидаю дониста хулосаи ғалат додани коршинос ҳангоми таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ё дар суд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, дар робита ба қатли ваҳшиёнаи духтари 16-сола ду хонандаи мактаб боздошт шудааст. Онҳо дар куштор ва сӯзондани ҷасади духтар муттаҳам мешаванд. Тафтишот дар ин замина идома дорад.