Боздошти бародари халифаи худхонди ДИИШ
Дар шаҳри Мавсили Ироқ писарамаки Абубакр Бағдодӣ, халифаи худхонди гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ дастгир шудааст.
Расонаҳои ироқӣ мегӯянд, ӯ аз ҷониби неруҳои амниятӣ рӯзи ҷумъаи гузашта дар минтақае боздошт шуд, ки чанд рӯз пештар аз муҳосираи ҷангиён озод гардид.
Гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” чанд соли пеш як қисмати Ироқу Сурияро ишғол карда, Абубакр Бағдодиро халифа эълон кард. Расонаҳо чанд бор аз захмӣ ва ҳатто куштоа шудани ӯ хабар доданд, аммо баъдан ин хабарҳо тасдиқ нашуд. Аз Тоҷикистон ҳам садҳо нафар дар сафи ин гуруҳ меҷанганд, ки миёнашон Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини “ОМОН”-и Вазорати корҳои дохилӣ низ ҳаст.