АКС: Ниҳолшинонӣ дар боғи Пешво ва туҳфаи Асадуллозодаҳо ба Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ, раисони Тоҷикистон ва Душанбе 5-уми март дар боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” ниҳол шинонданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон боғи Пешвои миллат дар хоҷагии фермерии “Асадулло”-и ноҳияи Хуросон, соли 2016 дар майдони 160 гектар бунёд гардида, дар 6 гектар 3000 ниҳоли олу шинонида шуд.
Манбаъ мегӯяд, қисме аз боғҳои хоҷагии фермерии “Асадулло” дар ҷамоати Фахробод дар доираи лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди “Душанбе - Қӯрғонтеппа” тахриб хоҳад шуд: “Аз ин ру роҳбарияти хоҷагӣ тасмим гирифтанд, ки бештар аз 4 ҳазор адад ниҳолҳои гуногуни ороишию мевадиҳанда, аз қабили бодом, писта, арча, ар-ар, каштан, сосна, мажевелник ва дубро ба боғҳои пойтахти кишвар шаҳри Душанбе тақдим намоянд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки дар марҳилаи аввали азнавсозии роҳи “Душанбе - Қӯрғонтеппа” таҷдиди 33, 2 километр дар назар аст, ки бо харҷи 96 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзи Бонки Осиёии Рушд бояд бунёд шавад: “Тибқи нақша дар рафти азнавсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст”.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Вазорати нақлиёт дустур додаст, ки дар вақти таҳияи лоиҳа ва татбиқи он мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти махсус диҳанд: “Роҳ бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шуда, тамоми қоидаҳои роҳсозӣ риоя карда шавад. Дастури дигар ҳангоми иҷрои корҳо инчунин ба масъалаи ободонии канори шоҳроҳ дода шуд”.