Варзоб: Дарёфти ҷасади зани соҳибкор аз дохили “Лексус-PX-350” (ВИДЕО)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар қатли зани соҳибкор, ки ҷасадаш 2-юми март аз “Лексус-PX-350” дарёфт шуд, як донишҷӯйро муттаҳам мекунад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ 2 март тахминан соати 13:00 дар назди оромгоҳи деҳаи Дурманбулоқи ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб аз дохили автомашинаи тамғаи “Лексус-PX-350” зани соҳибкори 52-сола, сокини шаҳри Душанбе бо захмҳои халандаю буранда дар қисмати рӯй, гардан ва бадан дарёфт карда шуд: “Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Восеъ, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои олии кишвар дастгир гардид”.
Аз марҳум Гулнора, зани тиллофурӯш аз ноҳияи Ҳисор ном бурда мешавад, ки ахиран аз назди манзили зисташ дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе рабуда шудааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти ҳодиса давом дорад.