Форсӣ яке аз 10 забони қадиме, ки ҳифз шудааст
Забони форсӣ аз ҷумлаи 10 забони қадимие эътироф шудааст, ки то имрӯз ҳифз шуда, ба таври густарда истифода мешавад.
Маҷаллаи маъруфи “Культура” дар баробари форсӣ, забонҳои томилӣ (ҷануби Ҳинд), литвониёӣ, ислондӣ, ибрӣ, мақдунӣ, забони боскҳо, финӣ, гурҷӣ ва ирлондиро низ ба даҳгона ворид намуда, хусусияти забонҳоро дар бастагӣ бо равандҳои биологӣ, гузариши тадриҷӣ аз як насл ба насли дигар арзёбӣ кардааст.
Дар ин матлаби “Культура” гуфта шудааст, аз миёни ин забонҳо форсӣ аз ҳама бештар дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон гӯянда дошта, як миқдор тавофутҳое низ дорад. Бар асоси ин навишта, форсгӯёни муосир матнҳои 900 сол қаблро низ бидуни мушкил мехонанду мефаҳманд, ки чунин имконро инглисзабонҳо надоштаанд.
Дар матлаб ҳамчунин гуфта мешавад, эрониҳо тавонистаанд, “ширинӣ” ва фасоҳати форсиро дар тадовуми қарнҳо таъмин кунанд.
Забони форсӣ аз гуруҳи забонҳои ҳиндуаврупоист, ки ба шохаи ҳиндуэронии ин оилаи забонҳо марбут мебошад. Ҳоло забонҳои эронӣ дар фазои Осиёи Миёна, Моварои Қафқоз, Афғонистон ва дигар кишварҳои Ҷануби Осиё интишор шудаанд ва гӯйишварони зиёде доранд.
Ҳоло дар Тоҷикистон дар баробари забони тоҷикӣ (форсӣ) инчунин забонҳои бедабираи яғнобӣ, язгуломӣ, шуғнӣ (рушонӣ, хуфӣ) ва вахию ринӣ (ишкошимӣ) мавҷуданд, ки ба гуруҳи забонҳои иронӣ мансуб мебошанд.