Фатвои Шӯрои уламо: Тӯмору таштоб ҷоиз аст
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон табобат тариқи тӯмору таштобро, ки миёни мардум роиҷ аст, ҷоиз хонд.
Шӯрои уламо дар посух ба суоли як корбари сомонааш дар мавриди тӯмору таштоб изҳор доштааст, ки “муолиҷа намудан ба василаи таъвиз, ки дар урфи мардуми мо бо номи тӯмор, раднома ва таштоб машҳур ва маъруф аст, аз нигоҳи шариат ҷоиз мебошад, ба шарти он ки калимоти дар инҳо навишташуда аз оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои шаръӣ иборат бошанд ва маънояшон возеҳ ва фаҳмо бошанд. Илова бар ин, дар онҳо калимоти ширкӣ мавҷуд набошад”.
Шӯрои уламо афзудааст, дуои даму дегдон, ки дар истилоҳи шаръӣ бо номи “руқя” маъруф аст, аз дуоҳои маъсураи Паёмбар (с) собит шудааст: “Калимоти даму дегдон ҳам бояд аз дуоҳои шаръӣ иборат бошад. Навиштани таъвиз (тӯмор) ва хӯрдани оби он (таштоб) ё овезон намудани он аз саҳобаи киром низ собит шудааст. Ногуфта намонад, ки раднома ва тӯмор барои он касоне аст, ки оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои набавиро ба сабаби нодонӣ, пиронсолӣ ва ё хурдсолӣ хонда наметавонанд. Аммо касоне, ки ин дуоҳоро хонда метавонанд, барои ҳифз аз зарарҳои шайтон бояд худашон ин дуоҳоро субҳу шом ба баданашон бихонанд”.
Ин ниҳод манбаи фатвояшро “Мишкотул-масобиҳ”, “Саҳеҳ”-и Муслим ва “Раддул-муҳтор” арзёбӣ кардааст.