Вазирони дифоъи Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон масоили марбут ба ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни се кишварро баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати мудофиаи Тоҷикистон вазирон, Шералӣ Хайруллоев, Одилбек Ҷақсибеков ва Абобилла Кудайбердиев зимни мулоқот асосан масоили вобаста ба вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ, таъмини амният дар минтақа, густариш додани доираи муносибатҳои низомӣ ва дигар масоили марбут ба ҳамкориҳои ҳарбии вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд гардид, ки ҳамоҳангии доимӣ, табодули иттилоотиву таҷрибаомӯзӣ ва амалӣ намудани нақшаю дурнамо дар доираи густариши муонсибатҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири бевосита мерасонад. Барои давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ рушди муносибатҳои низомӣ, ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар ҳайати созмонҳои ҷаҳонӣ, боиси дастгирӣ буда, ҳама ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсиву низомӣ ва фарҳангии онҳо дар чорчӯбаи муносибатҳои гуногун пайваста амалӣ мегарданд.