Вокуниши Раззоқов: Пешниҳоди ман таҳриф шудааст
Баҳодур Раззоқов, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо ирсоли як нома унвонии хабаргузории “Озодагон” мавқеи худро дар баробари мақолаи Иршод Сулаймонӣ “4 пешниҳод “..она” ё буҳрони фикрӣ дар Тоҷикистон” изҳор доштааст.
Дар ин мактуб ҷаноби Раззоқов мегӯяд, “баромади ман дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулон ва фаъолони шаҳри Душанбе (15 феврали соли 20017) ба интиқод гирифта шуда, мазмуни он бо таҳриф тавсиф дода шудааст. Аз ҷумла, дар мақола чунин омадааст: “Маҳдуд кардани вуруди деҳотиён ба шаҳри Душанбе, аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ш.Душанбе, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Раззоқов Баҳодур Ҳаётович”.
Ин вакили шаҳрӣ дар идома менависад, “биноан, дар баромади ман, ки тавассути ҳама шабакаҳои телевизионии давлатӣ пахш гашта буд, чунин тарзи масъалагузорӣ ҷой надошт. Ман нисбати таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ ва зарурати ҷорӣ намудани маҳдудият барои дастрасии моликияти ғайриманқул дар шакли хариди манзили истиқоматӣ барои деҳотиён пешниҳод доштам”.
Баҳодур Раззоқов иддао мекунад, дар матлаби Иршод Сулаймонӣ пешниҳоди эшон ба раисҷумҳури кишвар нодуруст оварда шудааст ва ӯ талаб карда, “тавассути нашри раддия дар сомонаи худ ба мақолаи “4 пешниҳод “..она” ё буҳрони фикрӣ дар Тоҷикистон” дар қисмати таҳрифи суханҳои ман тавзеҳот ворид намоед. Агар ҷаноби И.Сулаймони аз одоби рӯзноманигори хуб огаҳ бошад, пас дар чунин ҳолат бахшиш пурсидани ӯ фарз аст. Вале инро ман талаб надорам”.
PS. Хабаргузории “Озодагон” бори дигар навори пешниҳоди вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раззоқов Баҳодурро дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе омӯхт. Дар натиҷа маълум шуд, ки дар ҳақиқат пешниҳоди вакил барои баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ иборат аз мазмуни зайл буд: “Мо баъзе маҳдудиятҳоро бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нисбати соҳиб шудан ба моликияти ғайриманқул, хусусан манзил дар биноҳои бисёрхонагӣ ҷорӣ кардан даркор барои шаҳрвандоне, ки аз деҳот меоянд. Ин ба фарҳанги шаҳрдорӣ ҳам таъсир мерасонад ва ҷанбаи амниятӣ ҳам дорад”.
Ин пешниҳоди Баҳодур Раззоқов аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул нашуд ва изҳор намуд, ки “бародари азиз, дар масъалаи манъ кардан он қадар розӣ нестам, чунки худам ҳам деҳотӣ ҳастам. Решаи ҳамаи мову шумо аз кӯҳистон ҳаст, аз деҳот”.
Акс аз шабакаҳои иқтимоӣ