Хадамоти гумрук: Аз вуруди 11 “китобҳои динии шубҳанок” ҷилавгирӣ шуд
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз мусодираи 11 “китоби динии шубҳанок” ва марбут ба сеҳру ҷоду хабар додаст.
Торнамои расмии ин ниҳод мегӯяд, ин китобҳо давоми чор сол – аз соли 2012 то 2016 дар пайи анҷом додани чор амалиёт “оид ба таъмини бехатарии идеологии кишвар, иҷрои талаботи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми январи соли 2007 “Дар бораи пешгирӣ намудани тарғиби оину мазҳабҳои бегона ва воридоти адабиётҳои характери экстремистӣ дошта” ошкор гардидаанд.
Манбаъ аз ин китобҳо “Тим-Тим”-и ҳиндии илми тилисму сеҳру ҷоду, китоби динии “Ганҷинаи амалиёт”, “Ҷавоҳири тавизот”, “Хазинаи тавизот”, “Канзул Ҳусайн”, “Нақши Сулаймон”, “Куллиёти канзулҳусайн” ном бурда, гуфтааст, “ҳуқуқвайронкунандагон мехостанд онҳоро ғайриқонунӣ ба ҷумҳурӣ ворид намоянд”.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон афроде, ки ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғуланд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.