Президент “аз салоҳиятҳояш” истифода кард: Конститутсия бе назарпурсӣ ислоҳ мешавад
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон эълон кард, барои ворид кардани тағйир ба Конститутсия назарпурсӣ доир намешавад.
Ба гуфтаи ӯ, тағйиротро ба қонунгузорӣ порлумон ворид мекунад. “Дар Конститутсияи мо зикр шудааст, ки мо метавонем илова ва тағйиротро ба Қонуни асосӣ ҳам бо роҳи назарпурсӣ ва ҳам аз тариқи порлумон ворид кунем. Инро президент ҳал мекунад. Аз ҳамин хотир ман аз салоҳиятҳои конститутсионии худ истифода бурдам. Мо ният надорем ба бахши сиёсии ҳокимият тағйироти куллӣ ворид кунем. Бо назардошти зарурӣ ва муҳим будани тасмими мазкур барои кишвар ва мардум, ман қарор кардам, ки порлумон ба Конститутсия тағйирот ворид кунад”, - афзудааст Назарбоев.
Ба қавли президенти Қазоқистон, ба 23 моддаи Конститутсияи ин кишвар тағйирот ворид мешавад. Назарбоев мегӯяд, натиҷаи иловаҳо ва тағйирот ин мешавад, ки "қисме аз салоҳиятҳои президент ба шохаҳои дигари ҳокимият тақсим мегардад". “Шумо медонед, ки дар дигар кишварҳо назарпурсиҳо барои бештар кардани салоҳиятҳои роҳбари давлат анҷом мешавад. Дар кишвари мо баръакс аст. Зеро дар давоми 25 сол шакли президентии идораи давлат вазифа ва ҳадафҳояшро ба иҷро расонид”, - таъкид намудааст Нурсултон Назарбоев.