Пешниҳоди бозхонди сафири Молдова дар Тоҷикистон
Аъзои ҳукумати Молдова тасмим гирифта, Дмитрий Брагиш, сафири ин кишвар дар Русия, ки ҳамзамон вазифаи сафирӣ дар Тоҷикистонро бар душ дорад, бозхонд кунад.
Бино ба иттилои расонаҳо, ин тасмим дар ҷаласаи кабинаи вазирони ноиби вазири умури хориҷӣ ва ҳамгироии Аврупо Даниел Морар гирифта шудааст. “Пешниҳод мекунем сафири фавқулодаи Молдавия дар Федератсияи Русия, ки ҳамзамон сафири фавқулодаи Молдов дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Маскав аст, бозхонд шавад”,-гуфтааст Морар.
Сабабҳои ин тасмим шарҳ дода нашудааст, аммо “Коммерсант” далели онро ба мухолифати Игор Додон, президиденти рӯ ба Русия ва ҳукумати рӯ ба Аврупои Молдова рабт додааст. Бар пояи қонунгузории Молдова ин тасмим дар ҳоле ба иҷро медарояд, ки онро президент имзо кунад. Брагиш аз 27 ноябри соли 2015 сафири Русия ва Тоҷикистон буд.