Мижгона ҲАЛИМОВА
Ҷойи видеоклипҳоро дар бархе қаҳвахонаву тарабхонаҳо сабқатҳои муштзанӣ танг кардааст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар бархе, ошхона, қаҳвахона, тарабхона ва ҳатто дорухонаҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ бештар шабакаҳои телевизионии марбут ба муштзанӣ фаъол аст. Ин ҳам дар ҳоле ки дар гузашта шабакаҳои мусиқие чун “РМС” ва “RUТV” ба қавле “майдондорӣ” мекарданд.
Дар қисме аз чунин маконҳо бештар “набардҳои бидуни қоида” намоиш дода мешавад ва ба назар мерасад, муштириёнаш ҳам кам нестанд. Дар маркази Ваҳдат як дорухона “мухлис”-и шабакаи “Боец” аст ва мушоҳида мешавад, ки корафтодаҳо вақти харидории дору чанд дақиқаи худро барои тамошои он сарф мекунанд. Як ҷавон, ки худро Сабзалӣ ва муҳоҷири корӣ муаррифӣ кард, дар суҳбат ба “Озодагон” намоиши чунин наворҳоро таблиғи гуштии бидуни қоида гуфт: “Дар як ҳафта як ё ду маротиба ҳамроҳ бо аъзои оила барои хӯроки нисфирӯзӣ ё шом ба тарабхона меравем ва бисёри вақт дар телевизораш ҷангҳои бидуни қоида намоиш дода мешавад. Вақте дар ринг ду нафар ҳамдигарро бераҳмона латту кӯб мекунанд, бешубҳа ба психикаи кӯдак ва наврас таъсири худро мерасонад”.
Соро Шамсова, як сокини пойтахт ба ин назар аст, ки пахши чунин наворҳо ба фарҳанги тоҷикон рост намеояд. “Намефаҳмам чаро ду нафар бо либоси тагпӯш, яъне шортӣ ҳамдигарро қариб мехӯранд. Сару рӯи ҳамдигар дар даруни хун мисли саг меҷанганд ва ин ҳамаро ҳамарӯза дар назди мардум пахш мекунанд. Ҳама чиз ҷойи худро бояд дошта бошад”,-афзуд ӯ.
Аммо ҷонибдорони пахши чунин наворҳо низ кам нестанд. Як сокини Душанбе бидуни ифшои номаш гуфт, масъулини тарабхонаҳо вобаста ба завқи муштариёнашон шабакаҳоро интихоб мекунанд. Вақте намоиш медиҳанд, пас талабгор дорад. Парвиз Сафаров, мизоҷи яке аз чунин қаҳвахонаҳо мегӯяд, барои ӯ тамошои наворҳои муштзанӣ писанд аст: “Ҳатто худам дискҳояшро харидорӣ карда, дар хона ҳам тамошо мекунам, ин чӣ бадӣ дорад?”
Дар ҳамин ҳол, Қосим, маъмури яке аз ошхонаҳои пойтахт дар суҳбат ба “Озодагон” изҳор дошт, бидуни хоҳиши худ ва касе дигар шабакаро интихоб мекунанд: “Саҳар кор омада, пултро мегирам ва телевизорро рушан мекунам. Ҳамин навор рафта истодааст, дигар мо ҳам ягон шабакаи дигарро пахш нокарда, корро идома медиҳем”.
Ба суол, ки чаро қаблан клипҳои эрониву русӣ зиёдтар намоиш дода мешуд, ҳоло муштзанӣ, гуфт: “Агар хоҳед ҳозир мемонам, вале аслан мо ба ин чизҳо зиёд таваҷҷуҳ намекунем”.
Насим, маъмури як ошхонаи дигари шаҳри Душанбе гуфт, бештари мизоҷон худашон шабакаи писандидаашонро интихоб мекунанд: “Худатон шоҳид ҳастед, ки пулт болои миз гузошта шудааст”.
Аммо ӯ мегӯяд, қасд доранд, дар ояндаи наздик шабакаи “Боец”-ро бо шабакаи “Сафина” иваз кунанд.
ШУМО ҲАМ НАЗАРИ ХУДРО ДАР ИН МАВРИД НАВИСЕД