4 пешниҳоди “...она” ё буҳрони фикрӣ дар Тоҷикистон
Иршод СУЛАЙМОНӢ
Дар чанд рӯзи ахир шоҳиди 4 пешниҳод аз ҷониби ниҳод ва шахсони алоҳидае шудем, ки дар ҷомеа баҳсҳои гарм ва зиёдеро ба бор овард: Бозгардондани ҳарфи русии “ц” ба алифбои сирилики тоҷикӣ аз ҷониби Пажуҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии Академияи улуми Тоҷикистон;
Оғози соли таҳсил барои хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ аз 1 август, аз ҷониби Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон;
Маҳдуд кардани вуруди деҳотиён ба шаҳри Душанбе, аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, Раззоқов Баҳодур Ҳаётович;
Ба забони русӣ роҳандозӣ кардани тадриси фанҳои таълими меҳнат ва тарбияи ҷисмонӣ дар мактабҳои Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Ҷомеаи огоҳ (ҷомеаи расонаӣ ва илмиву идорӣ)-и Тоҷикистон ин пешниҳодотро дар баҳсҳои расонаӣ ва худмонӣ напазируфт. Мубтакирини ин пешниҳодҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр интиқод намуданд. Ман ҳам се нуқтаро дар сарлавҳа ба он хотир мондам, ки шумо ҷойи он вожаи мувофиқро аз диди худ бигзоред. Шояд вожаҳои оқил-, хирад-, нобихрад- ва ҳар вожаи мувофиқи дигарро бигзоред. Аммо ҷойи таассуф ва андеша аст, ки ин гуна пешниҳодҳои ғайримантиқиву ғайриилмиву зиддинсонӣ аз ҷониби шахсиятҳо ва ниҳодҳои фикриву пажӯҳишӣ ироа шудаанд. Магар ин гуна пешниҳодҳо аз буҳрони фикрӣ ва ё адами андешакадаҳои фикрӣ дар ҷомеаи мо қисса намекунад?
Баҳси “бозгашти сарбаландона”-и ҳарфи “ц” бо ин ки Кумитаи забон онро напазируфт (ва бисёр кори дурусту мантиқие кард) хомӯш шуд. Умедворем ин гуна пешниҳоди нозаруру ғайриилмиву хандадор, ки тафаккури истеъмории бархе аз олимони моро ба намоиш гузошт, ҳеч мавриди дигаре матраҳ нашаванд. Ба пешниҳоди нозарури Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон, ки мехостанд оғози соли таҳсилро барои хонандагони мактабҳо аз моҳи август таъин кунанд, чанде аз вакилон мухолифат карданд, ки шояд дубора вориди баҳс нашавад. Пешниҳоди ғайриилмиву зиддиинсонии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, доктори илми ҳуқуқ Раззоқов Баҳодур ҳам дар сатҳи шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр ба боди интиқод кашида шуд. Ҳоло баҳси гарме дар давру бари ба забони русӣ тадрис кардани фанҳои “таълими меҳнат ва тарбияи ҷисмонӣ” дар мактабҳо идома дорад ва умедворем, ки ин гуна тасмимҳои тамаллуқӣ ва истеъморгароёна ҳам қабул нахоҳанд шуд.
Вале ҷойи нигаронӣ ин аст ки шӯрбахтона дар Тоҷикистон, ки ин қадар мушкилу муаммо дорем пешниҳодҳои мантиқиву илмиеро, ки барои беҳ шудани сатҳи зиндагии мардум равона шуда бошанд намебинем. Оё ҷомеаи фикрии Тоҷикистон ба бунбаст ва буҳрони фикрӣ расидааст ё ҷасорат дар ниҳодҳои фикрии мо ҷон ба ҷонофарин супурдааст?
Дар ҳар 4 маврид ҳам пешниҳодҳо истеъморӣ ва тамаллуқӣ мебошанд. Магар дар мавриди забон мо мушкилоте бузургтар ва муҳиммтар аз ҳарфи “ц” надорем? Дорем, аммо забоншиносони муҳтарами мо бештар ба корҳои ҳошияиву салиқаӣ машғуланд. Ё 1 август кардани оғози соли таҳсил барои мактабҳои ҳамагонӣ ягона мушкили шумораи аввали маорифи кишвар аст? Ҳеч далели ҷиддие ҳам Пажуҳишгоҳ дар ин замина ироа карда натавонист. Далели марказияшон ин буд, ки шуруъи соли таҳсил аз 1 сентябр вомонда аз низоми таҳсили шӯравист, ҳоло он ки дар бештари дунё соли таҳсил аз 1 сентябр оғоз мешавад ва ҳатто дар мадрасаҳои Бухоро ҳам соли таҳсил аз миёнаҳои сентябр оғоз мегардид. Тақрибан дар тамоми дунё дарсҳо баъд аз 20 август оғоз мешаванд. Дар ин миён Ҷопон ва қисме аз кишварҳои қитъаи Амрико соли таҳсилро дар баҳор шуруъ мекунанд.
Дар мавриди пешниҳоди вакили шаҳри Душанбе, ки росту дақиқ як пешниҳоди тамаллуқӣ буд, бояд бештар ҳарф зад. Вақте чунин пешниҳоди ғайриқонунӣ ва ғайриҳуқуқӣ аз ҷониби доктори илми ҳуқуқ ироа мешавад, ҳатман ба унвони докториаш шубҳа пайдо мешавад. Дар асри XXI, ки ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои умумибашарист, чунин пешниҳод зиддинсонист. Мардуми як кишварро аз нигоҳи иҷтимоӣ (на ҷуғрофиёӣ) ба деҳотиву шаҳрӣ ҷудо кардан ва маҳдуд кардани вуруди мардуми деҳот ба далели нашинохтани қавоиди шаҳрнишинӣ як пешниҳоди синфгароёна ва зиддибашарист. Зеро аз нигоҳи илми ҳуқуқ, ки мутаасифона ҷаноби вакил дар ин ришта унвони дуктуро дорад, фарқ гузоштани инсонҳо бо далоили синфию иҷтимоӣ (шаҳриву деҳотӣ) нодуруст ва ҳатто мешавад гуфт, ки ҷиноят аст. Ҳеч кас ҳақ надорад як инсонро аз сафар кардан ба ин ё он минтақа ва ё давлату кишвар манъ бикунад, ба ҷуз мавридҳое, ки қонун пешбинӣ мекунад.
Роҳандозӣ кардани тадриси дарсҳои “таълими меҳнат ва тарбияи ҷисмонӣ” ба забони русӣ ҳам як пешниҳоди тамаллуқист, ки мутаасифона аз тафаккури истеъмории мо реша мегирад. Шояд далел мубтакирон ин бошад, ки аксари мардуми мо ба муҳоҷират мераванд ва омӯзиши дарси меҳнат ба русӣ як амри зарурӣ бошад. Аммо ин пиндор як пиндори бардагиёна ва истеъморгароёна аст. Чиро мо дар фикри эҷод кардани шуғл набошем, чиро мо дар фикри аз вобастагии сиёсиву иқтисодӣ раҳондани кишвар набошему бештар сайъ ва талош кунем, ки кишвар ва мардумро вобастатар намоем. Магар дар тамоми маврид муҳоҷирони мо ба сифати фишанги фишори сиёсиву иҷтимоӣ қарор нагирифтаанд? Оё пойбандии иқтисоди кишвар ба пули муҳоҷирон осебпазир будани иқтисоди моро дар буҳрони феълии иқтисодӣ ба намоиш нагузошт? Дар мактабҳои тоҷикӣ бо русӣ ва ҳар забони дигаре роҳ андохтани тадриси дарсҳои ҷудогона эҳтиром накардани истиқлоли кишвар ва худшиносии миллист. Ин роҳ андохтани густариши ҳамон ҳувияти духура ва ё дугонаест, ки барои ташаккули миллати воҳид халал ворид мекунад. Барои ҳамин ин пешниҳодҳоро ман ...она номидам. Вожаи заруриро Шумо бигузоред, хонандаҳои азиз.
Ҳайф аст, ки докторҳову ниҳодҳои мо ба бунбасти фикрӣ расидаанд...