Ҳукми Бузургмеҳр Ёров бетағйир гузошта шуд
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар пайи шикояти кассатсионии Бузургмеҳр Ёров ҳукми 23 соли зиндони ӯро бетағйир гузоштааст. Дар ин бора ба “Озодагон” наздикони адвокати маҳкумшуда хабар доданд.
Ба иттилои онҳо баррасии шикояти кассатсионии Ёров имрӯз, 28 феврал дар “СИЗО”-и Душанбе баргузор шуда, додраси парванда ҳукмро бетағйир гузоштааст.
6 октябри соли 2016 Додгоҳи шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёровро 23 сол равонаи зиндони низомаш пӯрзур карда, бар илова ҳукм кард, то амволи ӯ комилан мусодира шавад. Инчунин баъди раҳойӣ вай 5 сол аз ҳаққи кор дар ташкилоту идораҳо маҳрум мегардад.Ӯ бар пояи бандҳои 189 қисми 2 банди “г”, 247 қисми 2, 307 қисми 2, 307 қисми 1, 340 қисми 2, бандҳои “а”, “б”, “в” айбдор шинохта мешуд.
Баъдан нисбати Ёров боз ду парвандаи дигар боз гардид: моддаи 350 (беэҳтиромӣ нисбати суд), моддаи 330 (таҳқири намояндаи ҳокимият) ва моддаи 247 “қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ”.
Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015 баъди он ки эълон кард, Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро таъсис медиҳад, боздошт шуд.