Варзишгари шӯравӣ Олга Корбут медалҳои олимпии худро фурӯхт
Варзишгари давраи шӯравӣ Олга Корбут, ки пас аз Бозиҳои олимпии соли 1972 дар Мюнхен машҳур гашта буд, панҷ медали олимпӣ ва ҷоизаҳои дигари худро дар ауксион ё музоядаи ИМА ба 333,5 ҳазор доллар фурӯхт.
Ширкати созмондиҳандаи музоядаҳо Heritage Auctions хабар дод, ки медали тилои Корбут ба 66 ҳазор доллар фурӯхта шуд. Корбут, ки ҳоло 61 сол дорад, дар Беларус зода шуда, соли 1991 ба ИМА кӯчидааст.
Сомонаи русии Gazeta.ru навишт, ки Корбут мушкилоти молӣ дорад. “Медалҳо Корбутро аз гуруснагӣ наҷот доданд” – бо чунин сархат шабакаи Би-би-сӣ аз музояда хабар дод.
Корбут дар 17-солагияш, вақте ки 1 метру 50 сантиметр қад дошт, дар Олимпиадаи Мюнхен дар гимнастика унсурҳои навоваронаро ба намоиш гузошт ва пирӯзии дастаи СССР-ро таъмин намуд. Чаҳор сол баъдаш дар Монреал Корбут медалҳои тило ва нуқра ба даст оварда, бо номи “гунҷишки Минск” шӯҳрат ёфт.
Дар музояда Корбут ҳамчунин сарлибоси варзишӣ ва ҷоизаҳои дигари худро низ ба савдо гузошт.