Ҷилавгирӣ аз худкушии як ҷавонзан дар Суғд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз як талоши сӯиқасд ба ҷони худ дар шимоли кишвар ҷилавгирӣ кардааст.
Умеда Юсупова, сухангӯи ин кумита ба “Озодагон” гуфт, ҳодиса субҳи 27 феврал ба вуқуъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ, як ҷавонзани 28-солаи сокини шаҳри Бӯстон худро аз пули мошингард ба дарёи Сир андохтааст: “Наҷотдиҳандагони ситод бо дарёфти хабар дар як муддати кутоҳ занро аз оби сарди Сирдарё бароварданд”.
Хонум Юсупова афзуд, ба ӯ сари вақт ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуд ва айни замон саломатии ӯ қаноатбахш аст.