Рӯзи роҳбандӣ: Ронандаи “Хундай” ҷавони 22-соларо кушт
Шоми 27-уми феврал, дар хиёбонҳои Ҳофизи Шерозӣ ва Исмоили Сомонӣ, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд буд, як ҷавони тоҷик зери мошини “Хундай” монда, ҷон додааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ 27-уми феврали соли 2017, тахминан соати 19:20 ронандаи 40-солаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Туксон”, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Исмоили Сомонии пойтахт бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, марди 22-солаи сокини шаҳри Душанберо зер намудааст: “Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад”.
Садамаи маргбор дар ҳолест, ки ВКД 27-уми феврал хабар дод, ки шоми ин рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар масири Ҳофизи Шерозӣ ба далели таъмини амнияти ҳаракати Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия маҳдуд хоҳад шуд.