Шарҳи мақомот дар мавриди терминалҳо: Ҳуқуқи истеъмолкунандаҳоро ҳифз кардем...
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, хизматрасонии терминалҳоро таҳлил карда, муайян намудааст, ки бархе ширкатҳо қарори ҳукуматро дар ин соҳа риоя намекунанд.
Бар асоси иттилоияи расмии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ки дар сомонааш нашр шудааст, “тибқи талаботи банди 14 боби 4 «Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 тасдиқ карда шудааст, бояд ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён) фоиз барои қабули пардохт набояд ситонида шавад”.
Манбаъ афзуд, зимни санҷиш муайян шуд, ки талаботи мазкур риоя намегардад ва ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо то 3% ва баъзе мавридҳо то 10 фоиз маблағ ситонида мешавад: “Амали мазкур ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро поймол намуда, боиси вайрон гардидани талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мегардад. Зеро, тибқи талаботи моддаҳои 3 ва 8 қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” истеъмолкунанда ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) ва ба сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ) ҳуқуқ дорад”.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби масъулини Хадамот ахиран бо намояндагони ҷДММ ТАқХ “Авфар”, ҷДММ “Пардохти фаврӣ”, ҷДММ ССП “Пайванд”, ҷДММ “Юнипей”, ҷДММ “Эмон”, ҷДММ “Паймон СМТ” ва ҷДММ “Пардохт Тҷ” (Тоҷ Пей) ҷаласа баргузор карда шуд: “ғайр аз ин, аз ҷониби Хадамот ба ҷДММ “Леваканд тиҷорат” ва ҷДММ «Боварӣ-М» ҷиҳати риоя намудани талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва Тартиби мазкур мактубҳои расмӣ ирсол карда шуд”.
Ин ниҳоди масъули ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон илова намудааст, ки “ба операторони алоқаи мобилӣ, аз ҷумла ҷСП «Индиго Тоҷикистон», ҷДММ «Таком», ҷСП «ТТ Мобайл», ҷММ ҷМ «Тоҷикмобайл», ҷСП «Телеком Технолоҷӣ» ҷСП «Вавилон Мобайл», ҷСП «ТК Мобайл» мактубҳои расмӣ ирсол гардиданд, то дар шартномаҳои амалкунанда бо ширкатҳои хизматрасонии терминалҳо, фавран тағйиру иловаҳо оид ба қатъ намудани ситонидани фоиз аз тавозуни истифодабарандагони симкортҳо дароварда шавад”.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъкид намудааст, ки феълан фоизситонӣ қатъ шудааст ва масъалаи мазкур зери назорат қарор дорад.
Ин дар ҳолест, ки дастури Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва талоши масъулини ин ниҳод барои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон боиси қатъи кори аксари терминалҳо дар Тоҷикистон шудааст. Дар натиҷа мизоҷон саргардон шуда, сокинон барои интиқоли пул ба телефон дар шуъбаҳои ширкатҳои мобилӣ муддатҳои дароз навбатпойӣ мекунанд.