Қазияи пулҳои Гулнора Каримова. Бонки хусусии швейтсарӣ дар пулшуӣ муттаҳам мешавад
Додситонии федероли Швейтсария эҳтимоли ширкати бонки хусусии Lombard Odier-ро дар шустушӯи маблағҳое таҳқиқ мекунад, ки мумкин аст ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбакистон Ислом Каримов тааллуқ дошта бошанд.
Зидди кормандони алоҳидаи ин бонк парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ҳанӯз рӯшан нест, чанд нафар дар ин муомилаҳо даст доштаанд. Пажӯҳиши ҷиноӣ бо дархости сарони ин бонк, ки таърихи зиёда аз 200-сола дорад, оғоз гаштааст. Онҳо гуфтаанд, аз Узбакистон ба ҳисобҳои ин бонк маблағҳое ворид шудаанд, ки шубҳаовар ба назар мерасанд.
Ба навиштаи рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal, рӯзҳои 9-10 декабри соли 2016 муфаттишони швейтсарӣ бо ширкати вакили таъйинкардаи Швейтсария Грегуар Манжеа духтари раҳбари пешини Узбакистонро бозпурсӣ кардаанд. Бозпурсии Гулнора Каримова ба сурати умум 23 соат идома ёфтааст.
Аз замони қатъи ҳама гуна амалиёт дар ҳисобҳои бонкии эҳтимолии ӯ дар соли 2012 ин нахустин мулоқоти додситонҳои швейтсарӣ бо Гулнора Каримова буд. Дар ин ҳисобҳо, ба гуфтаи мақомоти швейтсарӣ 800 миллион доллари ИМА нигаҳдорӣ мешавад.