Нақшаи роҳбандии БДА: Роҳ диҳед, Путин меояд!
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон тарҳи роҳбандӣ барои таъмини амнияти ҳаракати Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар Душанберо нашр кард.
Тибқи иттилои ВКД аз соати 12:30 то 13 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи хиёбони Рӯдакӣ, Айнӣ, Аҳмади Дониш муваққатан маҳдуд мешавад. Аз ҷумла барои омадани Путин аз фурудгоҳ то Қасри Миллат дар назар аст, ки ҳаракат аз буриши кӯчаи А.Дониш ва Айнӣ то буриши хиёбони Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ баста шавад.
Манбаъ афзуд, шоми имрӯз, аз 18:30 то 21:00 дар назар аст, ки роҳҳое, ки ба Наврӯзгоҳ мебаранд, баста мешаванд: “Аз ҷумла ҳаракат тариқи кӯчаи Ҳофиз Шерозӣ маҳдуд мешавад”.
Дар мавриди тарҳи роҳбандиҳо дар рӯзи 28-уми феврал ВКД афзуд, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат аз 9:30 то 10:00 қатъ мегардад: “Аз соати 12 то 13 роҳҳо дар хиёбони Рӯдакӣ, Аҳмади Дониш, Айнӣ то фурудгоҳ масдуд мешавад”.