Қатъи кори терминалҳо баъди қарори ҳукумат: Зараровар шудааст...
Мирзо Раҳимов, директори ширкати “Пародхт.тҷ” шикояти сокинони Тоҷикистон дар мавриди қатъи кори бисёри терминалҳои пардохтро тасдиқ кард.
Раҳимов имрӯз, 27-уми феврал зимни тасдиқи қатъи кори терминалҳои пардохт ба "Озодагон" гуфт, нигоҳдории терминалҳо зараровар шудааст ва онро ба қарори ҳукумат рабт дод.
Ӯ гуфт, ширкаташон бо соҳибкорони инфиродӣ шартнома дошт ва ин соҳибкорон барои пардохти пул тариқи терминалҳо фоизи муайян-то 3 фоиз ҳаққи худ мегирифтанд. Раҳимов гуфт, бар асоси қарори ҳукумат, ки соли гузашта қабул гардид, муқаррар шудааст, ки соҳибкорон ин фоизро на аз муштариён балки аз ширкатҳои мобилӣ гиранд: “Ахиран назорати иҷрои ин қарор пурзӯр гардид. Фаъолият бе гирифтани фоизи муайян барои соҳибкорон фоидаовар нест ва бинобар ин онҳо кори терминалҳоро қатъ кардаанд, зеро онҳо низ хароҷот доранд. Аз ҷумла иҷора, андоз, таъмири техника ва дигар хароҷот...”.
Раиси “Пардохт.тҷ” гуфт, барои ҳалли ин мушкил ба ширкатҳои мобилӣ муроҷиат кардаанд, аммо онҳо изҳор доштаанд, ки дар ҳоли ҳозир имкони пардохти ҳаққи хизмати терминалҳоро надоранд: “Онҳо мегӯянд, барои ин боз бояд ҳаққи зангҳою хизматрасониҳоро баланд бардоранд. Айни ҳол барои ҳалли ин мушкил вақт лозим аст”.
Ин дар ҳолест, ки сокинони Душанбе ва навоҳии атроф имрӯз, 27-уми феврал бо “Озодагон” дар тамос шуда, арз доштанд, ки рӯзҳои охир наметавонанд аз терминалҳо барои пардохти ҳаққи телефон ва дигар хизматрасониҳо истифода баранд.
Шуҳрат, яке аз муроҷиаткунандагон аз шаҳри Душанбе гуфт, “ба чандин терминал рафтем, аммо кор намекунанд. Дар ҳамаи ҷо ҳамин аҳвол. Мардум саргардон шудаанд”.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта Маҷлиси намояндагон тағйирот ба қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро қабул намуд, ки бар асоси операторони низоми пардохт бояд иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни шарҳи ин лоиҳа изҳор дошта буд, ки ҳадаф аз тағйирот, таъмини шаффофияти фаъолияти терминалҳои низоми пардохт, пурзӯр намудани назорат ва ворид намудани иловапулиҳо ба буҷаи Тоҷикистон мебошад.
Раиси Бонки Миллӣ соли гузашта изҳор дошта буд, ки дар Тоҷикистон 3 900 шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва ташкилотҳои қарзӣ бо терминалҳои худкори низоми пардохт, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузошта шудааанд, фаъолият доранд.