Дар Душанбе даври ниҳоии озмуни «Муаллими сол» идома дорад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати маориф иттилоъ доданд, озмуни мазкурро президенти Академияи таҳсилоти педагогии Тоҷикистон, академик Ирина Каримова ифтитоҳ намуда, ба довталабон барои иштирок дар сабқати донишу ҳунари омӯзгорӣ пирӯзӣ таманно намуд. Сипас, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Файзулло Партовов ҳозиринро бо ҳайати кумитаи тадорукот (зери роҳбарии И.Каримова) ва доварон (зери роҳбарии саркотиби илмии АТТ, узви вобастаи АТТ Сайидамир Аминов) шинос намуд. С.Аминов иштироки довталабонро дар рӯзҳои муқарраршуда тибқи шартҳои низомнома шарҳ дод.
Гуфтанист, озмуни мазкур шоми имрӯз (8-уми декабр) ба поён расида, барандаи унвони «Муаллими сол» эълом хоҳад шуд.