Путинро дар Душанбе кӣ ҳамроҳӣ мекунад? (АКС)
Генерал Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия субҳи имрӯз, 27-уми феврал ба Душанбе омад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Колоколтсевро дар фурудгоҳ ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода ва вазири меҳнату муҳоҷират Сумангул Тағойзода пешвоз гирифтанд. Ташрифи Колоколтсев дар доираи сафари Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба Душанбе сурат мегирад. Дар назар аст, ки Путин пеш аз зуҳри имрӯз аз Алмато ба Душанбе ояд.
Тибқи иттилои Кремл Путинро дар Душанбе инчунин Сергей Донской, вазири захираҳои табиӣ ва экология, Максим Топлин, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, Алексей Лихачёв, роҳбари “Росатом” ва Александр Фомин, ноиби вазири мудофиаи Русия ҳамроҳӣ мекунанд: “Зимни ин сафар имзои 7 созишнома дар умури ҳифзи муҳити зист, истифодаи энергияи атомӣ дар соҳаи низомӣ, почта, шуғли аҳолӣ ва варзиш дар назар аст”. Инчунин Путин Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро барои таҳкими ҳамкориҳо миёни Русия ва Тоҷикистон бо нишони "Александр Невский" сарфароз мегардонад.
Манбаъ афзуд, дар охир Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати ташрифи ҳайати Русия зиёфат меорояд ва дар доираи он боз суҳбати як ба яки роҳбарони ду кишвар пешбинӣ шудааст. Рӯзи сешанбеи 28-уми феврал Путин аз Душанбе ба Бишкек сафар хоҳад кард.